Ширкат бо масъулияти пурра дар назди харидорон ва бо дарки возеҳи талаботи фармоянда ба роҳи пешсаф-истеҳсолкунандаи системаҳои профилҳои алюминии LEGA қадам ниҳодааст.

Мақсаду мароми асосии ширкат ба рушди соҳаи оинабандии сохтмонӣ-меъморӣ дар Тоҷикистон бо истифодабарии технологияҳои инноватсионӣ ва таҷҳизотҳои нави ҳозиразамон равона карда шудааст.

Интихоби истеҳсоли профилҳо аз алюминий пеш аз ҳама бо дарк кардани муҳимияти ҳифзи муҳити зист, нигоҳдории иқлими саломатӣ дар манзилҳо, ки дар онҳо конструктсияҳо аз маҳсулоти мо истифода мешаванд, вобастагӣ дорад. Оиди ғамхорӣ нисбати роҳат ва ҳаловати харидоронамон, мо алюминийро истифода мебарем, ки омехтаи фулузоти вазнинро надорад, ба тезутундии ҳаво, зангзанӣ, таъсири шуоъҳои ултрабунафш ва боришоти тезобдор устувор мебошад.

Таваҷҷӯҳ ва дилпурии мизоҷонро мо аз ҳисоби сифати бенуқсон ва устувории боэътимоди маҳсулоти истеҳсол мекардаамон ва иҷроиши фаврии фармоиши онҳо ба даст меоварем. Мо аз болои пурракунии анборҳоямон бо молҳо, ки барои кори саривақтӣ ва самараноки мизоҷонамон лозим мебошанд, бодиққат назорат мебарем. Ҳамкории наздик бо фармояндаҳо ба муносибатҳои дарозмуддати пурсамар мусоидат менамояд.

Фалсафаи ширкат ба такмилдиҳии доимии сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда равона карда шудааст. Мо тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ медиҳем, то ки профилҳои алюминӣ бо софию покизагии баланд ва бузургии геометрии саҳеҳ истеҳсол гарданд. Ба мо бисёр муҳим аст, ки бо мақсади таъмини бехатарӣ, дарозумрӣ ва мустаҳкамии маҳсулотамон ҳангоми истифодабарӣ, бартарии сифатро ҳамеша нигоҳ дорем. Бинобар ҳамин ҳам мо бо боварии қатъӣ кафолат медиҳем, ки профилҳои алюминии LEGA аз маводҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, дар таҷҳизоти технологии ҳозиразамон, дар ҷараёни кори ботартиби мутахассисони корозмуда ва мутобиқи пурраи талаботҳои фармоишгар истеҳсол карда мешаванд.

Маҳз ягонагӣ, ки ғамхорӣ нисбати истифодабаранда, қонеъгардонии талаботи мизоҷон, дақиқӣ нисбати сифати комилро дар худ дорад, фарқияти тамғаи молии LEGA-ро муайян менамояд.

LEGA. 2014 - 2016. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳимоя шудаанд.

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Суғд, ш.Хуҷанд, маҳаллаи 3-юм, Минтақаи Озоди Иқтисодии "Суғд"

Моб.: +992 (92) 615-6000
Тел.: +992 (3422) 5-94-99
info@lega-group.com

МАҚСАДУ МАРОМ