“ТАСДИҚ ШУДААСТ”

Бо Қарори Маҷлиси муассисони

ҶДММ КМТТ «Таҷпроф»

Суратҷаласаи № 16 аз 19 июни 2015 сол

Мақсади асосии фаъолияти ҶДММ КМ ТТ «Таҷпроф» ин истеҳсоли профилҳои алюминӣ барои мизоҷони худ (ташкилотҳо, сехҳои дару тирезасозӣ ва шаҳрвандон) барои сохтани дару тирезаю витражҳо ва зиёдкунии арзиши бизнес мебошад.

Таҳти сифат эътимодият, мустаҳкамӣ, дарозумрӣ, саривақтӣ, самарабахшии амалҳои иҷромекарда фаҳмида мешавад. Сиёсати корхона дар ин соҳа дар принсипҳои зерин асос ёфтааст:

 - солҳои 2015-2016 солҳои ҷорӣ намудани Низоми идоракунии сифат (СМК) эълон карда шавад;

 - таъмин ва нигоҳдории дараҷаи баланди сифати профилҳои истеҳсолшаванда;

 - қонеъкунии ҳамаҷонибаи талаботи ҳам мавҷуда ва ҳам потенсиалии мизоҷон;

 - мутобиқат ба талаботи ГОСТҳо ва стандартҳои байналмиллалӣ;

 - масъулиятнокии ҳар як кормандон нисбати натиҷаҳои корашон, инчунин оиди такмилдиҳии тарзҳои корбарӣ;

 - такмилдиҳии доимии Низоми идоракунии сифати (СМК) корхона, мутобиқати Низоми идоракунии сифати (СМК) ба талаботҳо.

Дар асоси принсипҳои номбаршуда, корхона сифати кори худро дар соҳаи идоракунӣ, ҳамкорӣ бо мизоҷон, инчунин оиди муносибатҳо бо аҳли кормандон ва технологияҳоро нигоҳ медорад. Хусусан масъалаҳои асосии зеринро ҳал менамояд:

 

Дар соҳаи идоракунии корхона

 - таъмини мутобиқати Низоми идоракунии сифати (СМК) ба талаботҳои ISO 9001, саъю кӯшиш ба самти баландбардории доимии натиҷабахшӣ ва беҳтаргардонии самарабахшии он;

 

Дар соҳаи ҳамкорӣ бо мизоҷон:

 - бо мизоҷон муқаррар намудани муносибатҳои дарозмуддати шарикӣ,

 - риояи принсипҳои муҳофизати манфиатҳои мизоҷон,

 - муқаррар намудани принсипи робитаи дутарафа;

 

Дар соҳаи фаъолияти молиявӣ:

 - васеъкунии номгӯй ва ҳаҷми профилҳои истеҳсолмешуда (кор карда баромадани системащои нави профилҳо);

 - нигоҳдории дараҷаи фоиданокии истеҳсолот;

Нисбати ҳайати кормандони корхона:

 - аз тарафи кормандон нигоҳдории обрӯю шӯҳрати амалии Тамғаи молии корхона, ки ҳамчун корхонаи боэътимод, ба мизоҷони худ маҳсулоти баландсифат пешниҳодкунанда ва эҳтиромкунандаи мизоҷон,

ҳаморон ва рақибони худ мебошад;

 - аз тарафи кормандони фаҳмидани мақсадҳои корхона ва муҳим будани ҳиссаи ҳар яки онҳо барои расидан ба ин мақсадҳо:

 - баландкунии ҳосилнокии меҳнат;

 

Нисбати технологияҳо:

 - тараққидиҳӣ ва такмилдиҳии технологияҳо дар соҳаи истеҳсоли хӯлаҳо ва профилҳои алюминӣ;

Вазифаҳои мазкурро ҳал намуда, корхона дар назди мизоҷони худ ӯҳдадориҳои зеринро мегирад:

 - профилҳои баландсифатро саривақт ва мутобиқи талаботҳои муайянгардида пешниҳод намудан;

 - доимо сифати профилҳои истеҳсол мешударо такмил додан;

 - ба беҳтаргардонии самарабахшии Низоми идоракунии сифат (СМК) ҷидду ҷаҳд намудан.

LEGA. 2014 - 2016. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳимоя шудаанд.

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Суғд, ш.Хуҷанд, маҳаллаи 3-юм, Минтақаи Озоди Иқтисодии "Суғд"

Моб.: +992 (92) 615-6000
Тел.: +992 (3422) 5-94-99
info@lega-group.com

СИЁСАТИ СИФАТ